КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Ҷоизасупорӣ ба ғолибони мусобиқаи минифутбол барои дарёфти Ҷоми “Вазири корҳои хориҷӣ-2019”

 

28 сентябри соли 2019 дар Маҷмааи варзишии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони мусобиқаи минифутбол барои дарёфти Ҷоми “Вазири корҳои хориҷӣ-2019” баргузор гардид.

Нахуст, Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода чорабинии мазкурро ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро хайрамақдам намуд.

Сипас, Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дуаени корпуси дипломатӣ ҷаноби Лякин –Фролов Игор Семёнович дар суханронии худ барои доир намудани чунин чорабинии варзишӣ аз номи намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон изҳори сипос намуд.

Ҳадаф аз баргузории мусобиқаи мазкур, ривољу равнаќ додани варзиш ва тавсеаи дўстиву ҳамкорӣ миёни корпуси дипломатї ва ташкилоту созмонњои байналмилалии муќими Тољикистон буда, идомаи чорабиниҳо бахшида ба солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ арзёбӣ мегардад.

Дар ҷараёни чорабинӣ дастаҳои ғолиб бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи мазкур аз 17 сентябр миёни дастаҳои Вазорат ва намояндагиҳои дипломатии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардидааст.