КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Таассуроти сафирони навтаъйин аз тамошои Душанбе

 

Бахшида ба солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ КВД “Тоҷикдипсервис” бо ташаббуси навбатии худ 30-юми ноябри соли 2019 барои сафирони тозатаъйиншудаи муқими Тоҷикистон сафари сайёҳӣ дар дохили шаҳри Душанбе баргузор намуд.

Дар сафари мазкур сафирони Ҷумҳурии Ҷопон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Украина, Ҷумҳурии Исломии Покистон ва роҳбари Ташкилоти Оғохон оид ба рушд бо аҳли оилаи хеш иштирок доштанд.

Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур шиносоии сафирон аз таъриху фарҳанги куҳани халқи тоҷик ва мавзеъҳои тамошобоби пойтахти кишвар буд.

Меҳмонон сараввал аз Осорхонаи миллии бостоншиносии Тоҷикистон дидан намуда, пайкараи Буддоро мушоҳида карданд.

Сипас, аз Осорхонаи Этнографӣ боздид намуданд, ки дар онҷо бо фарҳангу тамаддун ва бозёфтҳои таърихии халқи тоҷик ва аввалин этнографҳои он шинос шуданд.

Дар рафти сафари сайёҳӣ меҳмонон ҳамчунин ба Кохи Наврӯз ташриф оварда, аз толорҳои барҳавои он, ки бо нақшу нигорҳои асили тоҷикӣ аз чӯбу сангҳои қиматбаҳои кишвар нақшнигорӣ шудаанд, ба ҳайрат омаданд.

Пас аз хуроки нисфирӯзӣ меҳмонон аз дигар мавзеъҳои тамошобобу дилнишини шаҳри дилороямон дидан намуда, аз манзараҳои дилкаши диёри тоҷикон таассуроти баланду хотирмон бардоштанд.

Ҳамин тавр, сафари мазкур дар фазои дӯстона ва самимӣ ба анҷом расида, сафирон ҷиҳати баргузор намудани чунин чорабинӣ изҳори миннатдорӣ намуданд ва майлу ҳавасмандиашонро доир ба дидани дигар минтақаҳои кишвар иброз доштанд.