КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Сафари сайёҳии роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ба “Сафед – Дара”

 

16 феврали соли 2020 ҷиҳати шиносоӣ аз мавзеъҳои тамошобоби кишвар, сафари сайёҳии навбатии роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ, аз ҷумла, сафирони Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, ҷумҳуриҳои Фаронса, Озарбойҷон, Ҳиндустон, Қазоқистон, Туркия, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Федеративии Олмон, Давлати Қатар, Федератсияи Россия, Ҷопон, Туркманистон, Украина, ҷумҳуриҳои Исломии Эрон ва Покистон, Кордори Сафорати Ҷумҳурии Корея, Намояндаи доимии Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид, роҳбарони Намояндагии Иттиҳоди Аврупо, Намояндагии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Ташкилоти Оғохон оид ба рушд инчунин Намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ ба маҷмааи лижаронии “Сафед – Дара” баргузор гардид.

Зимни сафар роҳбарони намояндагиҳои дипломатиро Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳӣ намуданд.

Меҳмонон аз мавзеъҳои афсонавии маҷмааи лижаронии “Сафед – Дара” дидан намуда, аз табиати дилнишин ва барфандози мавзеъи мазкур таассуроти баланду хотирмон бардоштанд.

Дар фарҷом роҳбарони намояндагиҳо ҷиҳати баргузории ин гардиш миннатдории хешро баён намуда, ҳавасмандии хешро барои ташриф овардан ба дигар минтақаҳои кишвар иброз карданд.