КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Сафари сайёҳии роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ба мавзеи “Саратоғ”-и ноҳияи Айнӣ

 

Санаи 3 июли соли 2020, КВД “Тоҷикдипсервис” бо иқдоми ширкати сайёҳии «Скай-тур» дар якҷоягӣ бо Шуъбаи милитсияи сайёҳии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари сайёҳии роҳбарони намояндагиҳои дипломатиро ба мавзеи «Саратоғи»-и ноҳияи Айнии вилояти Суғд ҷиҳати шиносоӣ аз шаҳраки сайёҳии «Camping village» доир намуд.

Дар рафти сафар меҳмонон аз мавзеи Саратоғ дидан намуда, ба сатҳи хизматрасонии мавзеи сайёҳӣ баҳои баланд доданд. Хусусан, меҳмонон аз дидани манзараҳои зебо, табиати дилнишин ва нотакрори ин макон таассуроти баланду хотирмон бардоштанд.

Маврид ба зикр аст, ки ҳангоми сафар роҳбарони намояндагиҳои дипломатиро Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода З.О. ва Директори Корхона С. Мирзоалиев ҳамроҳӣ намуданд.