КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Вохӯрии Муовини вазири корҳои хориҷӣ бо Мудири CARICC

 

18 июли 2020 Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоҳир Саидзода бо Мудири Маркази минтақавии иттилоотӣ ва ҳамоҳангсозӣ барои Осиёи Марказӣ оид ба гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир, маводди равонгардон ва пешсозҳои он (CARICC) Рустам Мирализода, ки бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дошт, мулоқот кард.

Дар суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои муҳимми ҳамкории тарафайн дар соҳаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир ва дурнамои рушди онро мавриди муҳокима қарор доданд.