КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Мулоқотҳои Сафири Тоҷикистон дар Вазорати корҳои хориҷии Кувайт

 

27 июли 2020 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдзода Зубайдулло бо Ёвари вазири корҳои хориҷии он кишвар дар масъалаҳои Осиё Алӣ Сулаймон ас-Сайид баргузор гардид.

Дар мулоқот ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаҳои тандурустӣ, иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ ва сайёҳӣ баррасӣ шуда, перомуни вазъи минтақа ва пешгирии пароканиши бемории ҳамагири КОВИД-19 табодули афкор сурат гирифт.

Қаблан, 23 июли 2020 мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Ёвари вазири корҳои хориҷии он кишвар дар масъалаҳои ташрифотӣ Зорӣ Аҷрон ал-Аҷрон баргузор шуд.

Дар он мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун баррасӣ гардида, тарафҳо аз сатҳи кунунии муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ ва бар зарурати густариши онҳо таъкид намуданд.