КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Суҳбати телефонии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ

 

29 июли 2020 суҳбати телефонии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ Одил ал-Ҷубайр баргузор гардид.

Дар рафти суҳбат ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ, ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва масъалаҳои дигари мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд.

Мусоҳибон зимни арзёбии ҳамкории ду кишвар дар соҳаи тандурустӣ ва тиб, бар аҳаммияти идомаи ҳамёрӣ ва иқдомҳои муштарак ҷиҳати пирӯзӣ бар ҳамагирии Ковид-19 таъкид карданд.