КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Ҷудо намудани таҷҳизот аз ҷониби ИСЕСКО ва Бунёди Миск барои муассисаҳои таълимии Тоҷикистон

 

30 июли 2020 дар бинои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани таҷҳизоти электронии аудио ва видеоӣ ба Вазорати маориф ва илм ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Созмони ҷаҳонии исломӣ оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ИСЕСКО) ва Бунёди Миск ҷиҳати дастгирии соҳаи маорифи кишвар ва таҳкими иқтидори он дар партави мубориза бо паёмадҳои COVID-19 пешниҳод шудааст, баргузор гардид.

Барномаи дастгирии ИСЕСКО имкон медиҳад, то кишварҳои узв аз маводди аудио ва видеоии таълимӣ барои идомаи раванди омӯзиш дар муассисаҳои таҳсилотӣ истифода баранд. Чунин чораҳо метавонанд ба беҳбуди механизми таълими фосилавӣ дар Тоҷикистон мусоидат карда, ба такмили раванди таълимӣ дар шароити ҳамагирӣ саҳм гузоранд.