КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сафири Фаронса

 

4 августи 2020 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ясмин Гуедарро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои гуногун баррасӣ шуда, аҳаммияти баргузории чорабиниҳои муштараки банақшагирифташуда пас аз ба эътидол омадани вазъи ҷаҳон бар асари ҳамагирӣ таъкид гардид.

Вазири корҳои хориҷӣ ба хонум Гуедар барои саҳми бориз ва арзандааш дар густариш ва таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса изҳори сипос намуд.