КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Роҳбари Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ (WFP) дар Тоҷикистон

 

15 сентябри соли 2020 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Роҳбари Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ (WFP) ҷаноби Алберто Корреа Мендесро бино бар поён ёфтани фаъолияташ ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва WFP, аз ҷумла татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор (ҲРУ-2), таъмини амнияти озуқаворӣ, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва паст кардани сатҳи хавфи офатҳои табииро баррасӣ намуданд.

Дар фарҷоми мулоқот, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷаноби Алберто Корреа Мендес барои фаъолияташ дар кишвар изҳори сипос намуда,  дар фаъолияти минбаъдаи ӯ муваффақият таманно кард.