КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Мулоқотҳои раисони вилоятҳои Тоҷикистон ва Афғонистон

 

17-18 сентябри 2020 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯриҳои раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Фаёзов ва вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо раисони вилояти Бадахшон Муҳаммад Зикриё Савдо, вилояти Тахор Абдулҳақ Шафақ ва вилояти Қундузи Афғонистон Абдулсаттор Мирзаквал баргузор гардиданд.

Дар нишастҳои мазкур масъалаҳои ҳамкории ҷонибҳо дар сатҳи вилоятҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.