КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Сафари Гурӯҳи кории Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Таърихи 20 – 22 сентябри соли ҷорӣ барои баррасии масъалаҳои марбут ба қитъаи замин ва сохтмони бинои Сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Душанбе Гурӯҳи кории Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

Субҳи рӯзи 21 сентябр вохӯрии ҳайат бо Сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе Қ. Усмонзода доир гардид, ки зимни он масъалаи интихоби қитъаи замин ва оғози сохтмони бинои Сафорат баррасӣ карда шуд.

Пас аз ин, ҳайати гурӯҳ аз шаҳракҳои дипломатии №1 ва №2-и шаҳри Душанбе дидан намуд.

Нимаи дуюми рӯзи 21 сентябр вохӯрии кории Директори генералии КВД “Тоҷикдипсервис” С. Мирзоалиев бо Сардори Бюрои хизматрасонии корпуси дипломатии назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Қаюмов доир гардид, ки зимни он ҷонибҳо дар бораи самтҳои фаъолият ва хизматрасониҳои худ мубодилаи афгор намуданд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои омӯзиши таҷрибаи тарафайн ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мемонанд.