КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Муовини вазир нусхаи эътимодномаи Сафири Фаронсаро пазируфт

 

16 октябри 2020 дар Душанбе Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мишел Тарран нусхаи эътимодномаи худро ба Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода супорид.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Фаронса дар заминаҳои гуногун, аз ҷумла натиҷаҳои сафари расмии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Фаронса 7-12 ноябри 2019 баррасӣ шуда, аҳаммияти баргузории чорабиниҳои муштараки банақшагирифташуда пас аз ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ дар ҷаҳон таъкид гардид.

Муовини вазири корҳои хориҷӣ Сафири нави Фаронсаро ба муносибати ба вазифаи нави дипломатӣ таъйин гардиданаш табрик ва ба ӯ дар амалӣ намудани рисолати дипломатиаш дар Тоҷикистон комёбиҳо орзу намуд.