КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

​​​​Мулоқоти Сафир бо кафили Вазорати фарҳанги Озарбойҷон

 

5 ноябри 2020 дар Боку мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Солӣ бо кафили Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон Анар Каримов баргузор гардид.

Дар мулоқот масъалаҳои густариши робитаҳои фарҳангӣ байни ду кишвар, аз ҷумла баргузории Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон дар Тоҷикистон, ташкили сафарҳои ҳунарӣ, ба намоиш гузоштани балет ва барномаҳои консертии муштарак бо иштироки ҳунармандони ду кишвар, инчунин тайёрии касбии мутахассисони тоҷик дар соҳаи санъат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.