КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Вазири зерсохтори Украина

 

28 январи соли 2021 дар Киев мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Давлаталӣ Назризода бо Вазири зерсохтори Украина Владислав Криклий баргузор гардид.

Зимни суҳбат вазъи феълӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Украина дар соҳаи нақлиёт, ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии мусофирон ва молу маҳсулот, истифодаи иқтидори транзитии ду кишвар, иҷрои Протоколи ҷаласаи панҷуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ (аз 4 марти соли 2020) ва омодагӣ барои баргузории ҷаласаи шашуми Комиссия дар соли равон дар шаҳри Душанбе, инчунин масъалаи ҳарчӣ зудтар барқарор сохтани парвозҳо байни пойтахтҳои ду кишвар баррасӣ шуданд.