КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Ҷаласаи якуми ШҲМ СҲШ таҳти раёсати Тоҷикистон

 

Аз 26 то 29 январи 2021 дар Душанбе таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи якуми Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд.

Ҳайатҳои иштироккунанда масъалаҳои омодагӣ ба баргузории ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви (ШСД) СҲШ (16-17 сентябри 2021)-ро муфассал баррасӣ карда, дар бораи лоиҳаҳои Рӯзнома ва Номгӯи санадҳои дар рафти ШСД СҲШ қабулшаванда табодули назар намуданд.

Ҷонибҳо лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои асосии СҲШ барои соли 2021-ро баррасӣ намуда, Барномаи ҳамкориҳо байни вазоратҳои корҳои хориҷии давлатҳои узви СҲШ-ро барои соли ҷорӣ тасдиқ карданд.

Дар рафти ҷаласа дар хусуси давраи нави ҷойивазунии роҳбарони мақомоти доимамалкундаи СҲШ аз 1 январи 2022 ва дигар масъалаҳои рӯзмараи Созмон низ табодули афкор сурат гирифт.

ШҲМ СҲШ ҳамоҳангсозии фаолияти ҷории СҲШ-ро амалӣ менамояд ва ҳамкории байни вазорату идораҳои дахлдори давлатҳои узви СҲШ-ро таъмин мекунад.