КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Мулоқоти Муовини вазири корҳои хориҷӣ бо Роҳбари навтаъйини Намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон

 

1 феврали соли 2021 Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода Роҳбари навтаъйини Намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Виктор Олсавскиро ба ҳузур пазируфт.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо дар бораи масъалаҳои ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Созмони мазкур, аз ҷумла пешгирӣ ва назорати паҳншавии коронавируси нав (Covid-19) табодули афкор намуданд.