КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Музокироти гурӯҳҳои корӣ оид ба аломатгузории сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон

 

26-30 январи соли 2021 дар Душанбе музокирот байни гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба аломатгузории сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид. Дар ҷараёни музокирот Нақша-ҷадвали мулоқотҳо барои соли 2021, ки вохӯриҳои ҳармоҳаи тарафҳоро пешбинӣ мекунад, ҳамоҳанг шуд.

Ҷонибҳо роҷеъ ба макон ва таърихи анҷом додани корҳои муштараки саҳроӣ ба мувофиқа расида, дигар масъалаҳои марзӣ ва аломатгузории сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистонро баррасӣ карданд. Аз натиҷаи музокирот Протоколи дахлдор ба имзо расид.

Музокирот дар фазои дустӣ ва ҳамсоягии нек барпо гардид.