КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Вохӯрии Сафир бо Вазири кишоварзии Озарбойҷон

 

9 феврали 2021 дар Боку вохӯрии Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ бо Ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Озарбойҷон, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Озарбойҷон Инъом Каримов баргузор гардид.

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, саноат, нақлиёту транзит, кишоварзӣ, гидроэнергетика, металлургия, сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва маориф баррасӣ шуданд.