КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Вохӯрӣ бо Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон

 

12 феврали 2021 Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мэрилин Йосефсонро ба ҳузур пазируфт.

Ҷонибҳо масоили ҷорӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ва мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми тарафайнро баррасӣ намуданд.