КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Мулоқоти иҷрокунандаи вазифаи Директори генералии КВД “Тоҷикдипсервис” бо иҷрокунандаи вазифаи Директори Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ дар Тоҷикистон

 

16 феврали 2021 вохӯрии и. в. Директори генералии КВД “Тоҷикдипсервис” Хайруллоев Абдулло бо и. в. Директори Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ дар Тоҷикистон – Марико Кавабата баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба хизматрасониҳои Корхона, масъалаҳои ҷорӣ ва имкониятҳои амалӣ гардонидани лоиҳаҳои муштарак байни Корхона ва Барнома табодули назар намуданд.