КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Супоридани нусхаҳои эътимодномаҳо

 

17 феврали 2021 Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода нусхаҳои эътимодномаҳои сафирони навтаъйини се давлати хориҷиро қабул кард. Нусхаҳои эътимодномаҳои худро сафирони фавқулода ва мухтори Маҷористон Михай Галошфаи, Ҷумҳурии Хорватия Рефик Шабанович ва Ҷумҳурии Италия Агостино Пинна супориданд.

Дар мулоқотҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо он се кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Муовини вазир сафиронро табрик намуда, ба онҳо дар маъмурияти дипломатиашон комёбиҳо таманно намуд.