КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Ӯзбекистон

 

18 феврали 2021 вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Комилов Абдулазиз, ки бо сафари якрӯзаи корӣ ба Душанбе ташриф овардааст, сурат гирифт.

Вазирони корҳои хориҷӣ маҷмӯи масъалаҳои дуҷонибаи ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарии Тоҷикистону Ӯзбекистонро муфассал баррасӣ намуда, оид ба мушорикати ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули назар карданд.

Бо изҳори қаноатмандӣ аз робитаҳои бародарона ва ҳусни эҳтироми мутақобил, вазирон таъкид намуданд, ки бо саъйи вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар сатҳи баланди муносибатҳои шарикии стратегиро минбаъд низ нигоҳ дошта, вазифаҳои гузоштаи сарони давлатҳоро пайгирона иҷро хоҳанд кард.