КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Вохӯрӣ бо Раиси Бонки исломии рушд

 

22 феврали 2021 дар Ҷидда Сафири Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо Раиси Бонки исломии рушд доктор Бандар Ҳаҷҷор мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки исломии рушд ва раванди татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои рушди зерсохтор, тандурустӣ, энергетика, маориф, амнияти ғизоӣ ва дастгирии бахши хусусӣ баррасӣ шуданд.