КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Суҳбати телефонии Вазири корҳои хориҷӣ бо Намояндаи вежаи Дабири кулли СММ дар Осиёи Марказӣ, Роҳбари UNRCCA

 

23 феврали 2021 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Намояндаи вежаи Дабири кулли СММ дар Осиёи Марказӣ, Роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ (UNRCCA) Наталя Герман суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Дар суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои муҳимми ҳамкорӣ дар самтҳои рушди устувори минтақа, тағйирёбии иқлим ва мубориза бо терроризму ифротгароиро мавриди баррасӣ қарор доданд.