КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Вохӯрӣ бо гурӯҳи кории Бюрои хизматрасонии корпуси дипломатии назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон

 
4 марти соли 2021 вохӯрии и. в. Директори генералии КВД “Тоҷикдипсервис” – Хайруллоев Абдулло бо гурӯҳи кории Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо роҳбарии Сардори Бюрои хизматрасонии корпуси дипломатии назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон – Каюмов Абдурахим Рашидович баргузор гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба байни Бюрои хизматрасонии корпуси дипломатии назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва КВД “Тоҷикдипсервис”-и назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон табодули назар намуда, дар натиҷа Тафоҳумнома оид ба ҳамкорӣ байни ду корхона ба имзо расонида шуд.