КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Раиси Кумитаи Думаи давлатии Русия

 

9 марти 2021 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Имомуддин Сатторов бо Раиси Кумитаи Думаи давлатии Русия оид ба робита бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Леонид Калашников баргузор шуд. Дар мулоқот масъалаҳои таҳким ва тавсеаи робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Русия ва масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Таваҷҷуҳи асосии ду тараф ба татбиқи тавофуқоте, ки зимни сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Федератсияи Русия дар моҳи ноябри соли 2020 ба даст омаданд, нигаронида шуд. Ҳамзамон роҷеъ ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, махсусан дар доираи Ассамблеяи байнипарламентӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.