КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Ҷаласаи навбатии ШҲМ СҲШ таҳти раёсати Тоҷикистон

 

Аз 10 то 13 марти 2021 дар Тошканд дар қароргоҳи Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии (ШҲМ) давлатҳои узви СҲШ баргузор шуд.

Рӯзномаи ҷаласаи ШҲМ СҲШ тахминан 50 масъалаи марбут ба фаъолияти ҷории Созмонро дар бар гирифт. Ҳайатҳо рафти омодагӣ ба ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви СҲШ 16-17 сентябри соли ҷорӣ дар Душанберо баррасӣ карда, лоиҳаҳои рӯзнома ва Рӯйхати санадҳоеро, ки имзои онҳо дар чорчӯби саммити ҷашнии СҲШ дар назар аст, ба асос гирифтанд. Ҳамоҳангсозони миллӣ Нақшаи чорабиниҳои асосии СҲШ барои соли 2021-ро, ки аз 152 банд иборат аст, тасдиқ намуданд. Баргузории аксарияти чорабиниҳои Нақшаи мазкур дар чаҳорчӯби раёсати Тоҷикистон дар СҲШ ба нақша гирифта шудааст.

Дар рафти ҷаласа атрофи мавзӯи давраи нави ҷойивазкунии (ротатсияи) роҳбарони мақомоти доимамалкунандаи Созмон, ташаббуси ҷонибиТоҷикистон дар бораи дар Душанбе таъсис додани Маркази зиддимухаддиротии СҲШ ва лоиҳаи санадҳои ҳамкорӣ байни СҲШ ва созмонҳои байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.

Рафти ифтитоҳи ҷаласаи ШҲМ СҲШ-ро мактабхонон-иштироккунандагони бозии интерактивии маърифатии “Модели СҲШ” аз Котиботи СҲШ дар Пекин ба таври маҷозӣ мушоҳида намуданд.

ШҲМ ҳамоҳангсозии умумии фаъолияти СҲШ-ро анҷом медиҳад.

Раёсати Тоҷикистон таҳти шиори “20 соли СҲШ: ҳамкорӣ баҳри субот ва шуқуфоӣ” гузашта истодааст.