КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Эълон: оид ба гузаронидани озмун ҷиҳати интихоби ширкати сохтмонӣ

 

КВД “Тоҷикдипсервис”-и назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкатҳои сохтмонии таҷрибадорро ҷиҳати иштирок дар озмун бо амалисозии мақсади сохтмони бинои баландошёнаи истиқоматӣ барои кормандони Вазорати корҳои хориҷӣ дар маҳаллаи Зарафшони пойтахт даъват менамояд. Ширкати сохтмонӣ мутобиқи методи “”Интихоб аз рӯи сифат ва арзиш” интихоб карда мешавад.

Аз санаи 25 март то 2 апрели соли 2021 ширкатҳои ҳавасманд метавонанд ҳуҷҷатҳои лозимаро ҷиҳати иштирок дар озмуни мазкур, ки 5 апрели соли ҷорӣ барпо мегардад ба суроғаи: шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 145, пешниҳод намоянд.

Маълумоти иловагӣ бо телефонҳои 224-53-92; 224-57-35.