КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Нишасти кормандони аршади “Қалби Осиё-Раванди Истанбул”

 

29 марти 2021 дар Душанбе нишасти кормандони аршади  “Қалби Осиё-Раванди Истанбул” баргузор гардид.

Нишаст бо суханони шодбошии Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ ва Муовини сиёсии вазири корҳои хориҷии Афғонистон Мирвайс Ноб ба сифати раисони нишаст оғоз шуд.

Дар ҷаласа намояндагони кишварҳои ширкаткунанда, мададрасон, созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар нишаст инчунин пешнависи санади ниҳоӣ – Эъломияи Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифт.