КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Вохӯрии Вазири корҳои хориҷӣ бо Вазири маориф ва илми Украина

 

1 апрели 2021 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Вазири маориф ва илми Украина Сергей Шкарлетро ба ҳузур пазируфт.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистону Украина бо тамаркуз ба соҳаи маориф мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Вазири маориф ва илми Украина аз 29 март то 2 апрел бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад. Ҳайати Украина беш аз 60 ректори донишгоҳҳои он кишварро дарбар мегирад.