КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Мулоқоти Сафир бо иҷрокунандаи вазифаи Муовини аввали cарвазир, Вазири тиҷорати байналмилалӣ ва саноати Малайзия

 

12 апрели 2021 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия Ардашер Қодирӣ бо иҷрокунандаи вазифаи Муовини аввали сарвазир, Вазири тиҷорати байналмилалӣ ва саноати Малайзия Муҳаммад Азмин Алӣ дар дафтари Сарвазири Малайзия баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳо ва роҳҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Малайзияро дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат ва илму техника ҷиҳати афзоиши ҳаҷми савдо байни ду кишвар ва ҳамкориҳои баъдӣ дар соҳаҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ намуданд.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати таҳкиму густариши бештари робитаҳои гуногунҷанбаи ду кишвари дӯст алоқамандии худро изҳор намуданд.