КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Вохӯрӣ бо Сафири Чин

 

21 апрели 2021 дар Душанбе мулоқоти Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лю Бин баргузор шуд.

Дар мулоқот масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба баррасӣ шуда, пиромуни раванди тадорукот ба иҷлоси ҷашнии сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки карор аст дар Душанбе сентябри соли ҷорӣ ба муносибати 20-солагии Созмон баргузор шавад, мубодилаи афкор сурат гирифт.