КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Ҳошимии Урдун

 

26 майи 2021 нахустин даври ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Ҳошимии Урдун дар шакли маҷозӣ баргузор шуд. Ҳайатҳои тарафҳоро муовини сардори Раёсати кишварҳои Ховари Миёна ва Африқои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Муҳаммадӣ  ва  Сардори Раёсати Осиё ва Уқёнуси Ороми Вазорати корҳои хориҷии Урдун доктор Молик ат-Тавол роҳбарӣ намуданд.

Дар ройзаниҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои таҳкими ҳамкориҳо байни Тоҷикистону Урдун дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетика, сайёҳӣ, кишоварзӣ, саноат, алоқаи ҳавоӣ, таҳкими пояи шартномавӣ ва ҳуқуқӣ, ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд.