КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Боздиди намояндагони корпуси дипломатии муқими кишвар аз осорхонаи “Пешвои миллат”

 

Дар арафаи ҷашнгирии сисолагии Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи КВД “Тоҷикдипсервис” барои намояндагони корпуси дипломатии муқими кишвар боздид аз осорхонаи Пешвои миллат ташкил карда шуд.

Зимни боздид сафирони муқими кишвар тасаввуроти хешро аз ташаккулёбии давлатдории тоҷикон дар даврони истиқлолият, таъриху тамаддун ва фарханги миллати тоҷик ғанӣ намуда, таассуроти худро баён кардаанд.