КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Вохӯрӣ бо Сафири Ҷумҳурии Эстония

 

9 июни 2021 Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Музаффар Ҳусейнзода Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Эстония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар Нур-Султон) Ҳейти Мяэмеэсро ба муносибати ба итмом расидани ваколаташ ба ҳайси Сафир дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот ҷонибҳо перомуни ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва фарҳангӣ изҳори назар намуда, ҳавасмандии худро барои таҳкими баъдии муносибатҳо таъкид карданд.

Муовини вазири корҳои хориҷӣ ба Ҳейти Мяэмеэс барои саҳмаш дар рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни Тоҷикистону Эстония изҳори сипос намуда, дар фаъолияти ояндааш комёбиҳо таманно кард.