КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Вохӯрӣ бо Муовини вазири фарҳанг ва сайёҳии Туркия

 

15 июни 2021 дар Вазорати корҳои хориҷӣ мулоқоти Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода бо Муовини вазири фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Туркия Нодир Алпаслон баргузор гардид.

Ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия дар соҳаи гардишгарӣ, эҷодӣ зерсохтори сайёҳӣ, табодули таҷриба байни коршиносон, танзими чорабиниҳои муштарак, иштирок дар намоишгоҳҳои соҳавии якдигар, ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои дахлдор ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоли тарафайн бо дарназардошти паёмадҳои ҳамагирии COVID-19 табодули афкор карданд.

Бояд қайд намуд, ки имрӯз дар Душанбе ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки соҳаи сайёҳии Тоҷикистону Туркия таҳти раисии Роҳбари қисми тоҷикистонии Комиссияи муштарак, раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода ва Роҳбари қисми туркии Комиссияи муштарак, муовини вазири фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Туркия Нодир Алпаслон баргузор гардид, ки дар он ҷонибҳо раванди татбиқи Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ байни ду кишвар, татбиқи иқдомҳои муштарак ва имкониятҳои рушди соҳаи мазкурро мавриди баррасӣ қарор доданд.