17 августи 2021 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода мудири кулли Созмони исломии амнияти озуқаворӣ (IOFS) Ералан Байдаулетро ба ҳузур пазируфт.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва IOFS-ро дар самтҳои гуногун, аз ҷумла рушди соҳаҳои иқтисодӣ, кишоварзӣ ва озуқаворӣ, инчунин вазъи ҷаҳон дар шароити ҳамагирии COVID-19 ва таъсири он ба амнияти озуқаворӣ баррасӣ намуданд.