КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷӣ бо мудири кулли Созмони исломии амнияти озуқаворӣ (IOFS)

 

17 августи 2021 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода мудири кулли Созмони исломии амнияти озуқаворӣ (IOFS) Ералан Байдаулетро ба ҳузур пазируфт.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва IOFS-ро дар самтҳои гуногун, аз ҷумла рушди соҳаҳои иқтисодӣ, кишоварзӣ ва озуқаворӣ, инчунин вазъи ҷаҳон дар шароити ҳамагирии COVID-19 ва таъсири он ба амнияти озуқаворӣ баррасӣ намуданд.