КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Эълон оид ба ишғоли ҷойҳои кории холӣ

 

Корхонаи воҳиди давлатии хизматрасонии корпуси дипломатӣ “Тоҷикдипсеовис”-и назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ озмун эълон менамояд:

  • мутахассиси шуъбаи кадрҳо ва иттилооти умумӣ –1
  • сармутахассиси шуъбаи баҳисобгирии моддӣ-1

Музди меҳнати заминавӣ барои мансаби мутахассис – 900 сомонӣ;

Музди меҳнати заминавӣ барои мансаби сармутахассис – 1590 сомонӣ.

                    Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансабҳо

  • таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси  дар соҳаи омор, иқтисодиёт, риёзиёт (омор); ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
  • донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва на кам аз ду забони хориҷӣ, кор карда тавонистан бо барномаҳои компютерӣ Word, Excel, Power Point ва дигарҳо.

Талаботи иловагӣ нисбати ҳамаи довталабон:

  • донистани асосҳои муносибатҳои байналмилалӣ, вазъи байналмилалӣ ва минтақавӣ;
  • донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ;
  • малакаи тартиб ва омода намудани ҳуҷҷатҳои таҳлилӣ;
  • малакаҳои иловагии касбӣ, донистани ҳолати кунунии иқтисодии  кишвар, равандҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ;
  • дониши ҳаматарафаи варзида дар робита ба ҳадафҳои стратегии кишвар;

Хоҳишмандон метавонанд ба Шуъбаи кадрҳо ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:

  1. Ариза оид ба ишғоли ҷойҳои кории холӣ ба номи Директори генералии Тоҷикдипсервис;
  2. Саволномаи (анкета) шакли муқарраршуда;
  3. Тарҷумаи ҳол;
  4. 2 дона расми ранга (3/4);
  5. Нусхаи шиносномаи ;
  6. Нусхаи ҳуҷҷатҳо оид ба маълумоти олӣ, такмили ихтисос ва унвони илмӣ (нусхаи диплом, шаҳодатнома ва ғ.);
  7. Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  8. Маълумотномаи тиббии №038 (тибқи тартиби муайянгардида);
  9. Эъломия оид ба андоз аз даромад;
  10. Эъломия оид ба вазъи амволии хизматчии давлатӣ (барои шахсоне, ки дар хизмати давлатӣ қарор доранд);
  11. Тавсифнома аз ҷойи кор (аз муассисаи таълимӣ);
  12. Маълумотнома оид ба надоштани доғи судӣ;
  13. Нусхаи шаҳодатномаи ақди никоҳ/талоқ;

Ҳуҷҷатҳо аз 01 сентябри соли 2021 то 17 сентябри соли 2021 қабул карда мешаванд.

Суроға: ш.Душанбе, кӯчаи Рӯдакӣ 145

Телефонҳо барои гирифтани маълумоти иловагӣ: 224-57-46; 224-06-20

Суроғаи электронӣ: info@tds.tj