КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Вохӯрии Сафир бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия

 

14 сентябри соли 2021 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов бо Вазири корҳои хориҷии ин кишвар Мавлуд Чавушоғлу доир гардид.

Зимни мулоқот таҳким ва тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак баррасӣ шуда, атрофи масъалаҳои муҳимми минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.