КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷӣ ва тиҷоратии берунаи Маҷористон

 

22 сентябри 2021 дар ҳошияи иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии СММ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷӣ ва тиҷоратии берунаи Ҷумҳурии Маҷористон Петер Сийярто мулоқот анҷом дод.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳо ва роҳҳои тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои мухталиф, инчунин вазъи амниятии Афғонистон ва минтақаи Осиёи Марказиро мавриди муҳокима қарор доданд.