КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо Сафири Беларус

 

21 октябри соли 2021 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Денисенкоро ба ҳузур пазируфт.

Дар рафти мулоқот маросими супоридани нусхаҳои эътимоднома аз ҷониби Сафири Беларус ба Вазири корҳои хориҷӣ сурат гирифт.

Ҳамсуҳбатон ҳамчунин доир ба вазъ ва дурнамои рушди муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Беларус мубодилаи афкор намуданд.

С.Муҳриддин ба В.Денисенко дар амалисозии фаъолияти худ ба мақсади боз ҳам густариш додани робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистону Беларус муваффақият орзу кард.