КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Мулоқоти Сафир бо Муовини вазири корҳои хориҷии Туркманистон

 

18 ноябри 2021 дар Ашқобод мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Фаррух Шарифзода бо Муовини вазири корҳои хориҷии Туркманистон Бердиниёз Мятиев баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот, ҳолат ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитарию фарӽангӣ, инчунин ҳамкориҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.