КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе

 

26 январи соли 2022 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Роҳбари Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Душанбе Валериу Киверро бино ба анҷом ёфтани фаъолият дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо инчунин масъалаҳои рушди муносибатҳои Тоҷикистону САҲА-ро дар чаҳорчӯби се ченаки ҳамкорӣ – низомӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-муҳитизистӣ ва инсонӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.