КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Муовини вазир нусхаи эътимодномаи Сафири Подшоҳии Белгияро пазируфт

 

7 феврали 2022 Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода нусхаи эътимодномаи Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Белгия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар шаҳри Нур-Султон) Анри Вантигемро қабул кард.

Зимни суҳбат ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба, дурнамои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Белгия ва масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор намуданд.

Муовини вазири корҳои хориҷӣ сафири Белгияро ба муносибати ба ин вазифа таъйин шуданаш табрик намуда, ба ӯ дар амалӣ намудани рисолати дипломатиаш дар Тоҷикистон комёбиҳо таманно намуд.