КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Иштироки Вазири корҳои хориҷӣ дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва ИМА дар қолаби С5+1

 

28 феврали 2022 мулоқоти навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Котиби давлатии ИМА дар қолаби С5+1 дар шакли маҷозӣ баргузор шуд. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи мазкур иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар мулоқот масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкориҳои шарикӣ дар қолаби мазкур баррасӣ гардиданд.

Ҷонибҳо ба мавзӯи амнияти минтақавӣ низ таваҷҷуҳи хос зоҳир карданд.