КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Мулоқоти муовини вазир бо сафири Озарбойҷон

 

6 апрели соли 2022 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алимирзамин Аскеровро ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, перомуни нақшаи чорабиниҳо ба муносибати 30-умин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Озарбойҷон мубодилаи афкор намуданд.

Вохӯрӣ дар фазои дӯстона сурат гирифт.