КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Сафари гурӯҳи кории муштарак ба шаҳри Тошканд

 

Ба мақсади назорати иҷрои корҳои сохтмонии маҷмааи биноҳои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ба танзим даровардани ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи ӯзбекистонӣ 13-16 апрели соли ҷорӣ, гурӯҳи кории муштарак аз ҳисоби Директори Муассисаи давлатии “Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Суҳроб Саъдуллозода, муовини директори генералии КВД “Дипсервис” Фаррух Наҷмиддинов ва сардори шуъбаи сохтмони КВД “Дипсервис” Хуршед Зайнидинов ба шаҳри Тошканд сафар намуд.