КВД “ДИПСЕРВИС”
 
 

Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Намояндаи махсуси Президенти Россия оид ба ҳамкориҳои байналмилалии фарҳангӣ

 

6 майи соли 2022 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Россия оид ба ҳамкориҳои байналмилалии фарҳангӣ Михаил Швидкой баргузор гардид.

Зимни суҳбат ҷонибҳо рафти иҷрои барномаи чорабиниҳои фарҳангӣ,  бахшида ба таҷлили 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Россияро, мавриди баррасӣ қарор доданд.

 Д.Гулмаҳмадзода бо қаноатмандӣ аз  пешрафти равобити ду кишвар дар соҳаи фарҳанг изҳори умедворӣ кард, ки ҳамкориҳои  фарҳангӣ дар бахши санъати касбии театрӣ, мусиқӣ ва бадеӣ, инчунин ташкили намоишгоҳҳои осори санъати муосир, табодули академӣ миёни муассисаҳои таълимӣ ва муштарак, омода намудани кадрҳои касбӣ минбаъд низ густариш хоҳанд ёфт.

М.Швидкой таъриху анъанаҳои ғанӣ, инчунин аҳамияти бузурги ҳамкориҳои Тоҷикистону Россияро дар арсаи фарҳангӣ ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби лоиҳаҳои бисёрҷониба зикр намуд.

Дар ин замина, бо тамаркуз ба ҳамкориҳои гуногунҷанбаи фарҳангиву башардӯстонаи ду кишвар дар чаҳорчӯби Хазинаи байнидавлатии ҳамкориҳои башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ, аз маҷмӯи чорабиниҳои фарҳангӣ, ки дар соли 2022 дар қаламрави Тоҷикистон ба нақша гирифта шудаанд, хотиррасон кард.